Чор нафар навраси ноболиғ 23 феврали соли 2019 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар рӯи иншооти обӣ ба бозии хоккей машғул гардида, зери яхи обанбори сунъӣ ғарқ шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
«Наврасон зимни бозӣ дар рӯи яхи тунуки обанбор, ки дарозиаш қариб 70 метр ва чуқуриаш 6 метрро ташкил медод, зери ях фурӯ рафта, дар натиҷа ҳалок гардидаанд»,- иттилоъ медиҳад сарчашма.
Ҳангоме ки наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ҷасади яке аз наврасон аз ҷониби сокинони маҳаллӣ аллакай аз об бароварда шуда буд. Новобаста аз он ки корҳо шабона бурда мешуданд, наҷотдиҳандагон тавонистанд ҷасади наврасони боқимондаро бароварда, ба хешовандонашон супоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидон қатъиян талаб мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд.
АМИТ «Ховар»