Ван И, Вазири корҳои хориҷии ҶМЧ: Чин ҳадафҳои стратегии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ менамояд

Вазири корҳои хориҷии ҶМЧТавре қаблан хабар додем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И пас аз мулоқот ба хабарнигорон иброз чунин дошт: «Чин ва Тоҷикистон шарикии стратегиро ҳамаҷониба   дасгирӣ менамоянд ва дар ин самт барои татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати муқовимати якҷоя бо чолишҳо ва таҳдидҳо робитаҳои дуҷониба ба роҳ монда шудааст. Муносибот миёни Чин ва Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дорои чор сифати тиллоӣ — ҳамсоягони хос, дӯстони нек, шарикони боэътимод ва бародарони азиз мебошад. Моро зарур аст, ки тафовуқҳои сиёсӣ ва иқтисодии дар сатҳи олӣ бадастомадаро дар амал татбиқ намоем».

Ба гуфтаи Ван И, Чин ҳадафҳои стратегии аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда —  ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ҳаматарафа ҷонибидорӣ менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки бо имзои Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии  Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ саҳифаи сифатан нав  дар таърихи робитаҳои ду кишвар  боз гардид.

Имрӯз Ҷумҳурии  Мардумии Чин  шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати  Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дар доираи сафар расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири   корҳои  хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  мулоқот намуд.

Дар мулоқоти мазкур  масъалаҳои асосии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи  Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавзӯъҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди  таваҷҷӯҳи ҳамдигар   мубодилаи  афкор намуданд.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар омодагии худро ба густариши бештари  ҳамкориҳои дуҷониба ва  бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин изҳор  доштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: