Аз 5 то 15 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар барои шиноварони ҷавони Осиё ҷамъомади машқӣ-таълимӣ баргузор мегардад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё дар доираи Лоиҳаи «Рушди ҷавонони Осиё-2019» баргузор мегардад, бо мусоидати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ду шиновари ҷавони мамлакат– Екатерина Бордачева ва Садам Рамзиёрзода бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби шиноварони Тоҷикистон Алишер Чингизов ширкат менамоянд.
Ҳамчунин ин варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки 7-9 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор мегардад, сабқат мекунанд.
АМИТ «Ховар»