Аз 25 то 27 октябри соли равон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоишгоҳ иштироки намояндагон аз Россия, Ўзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Франсия, Украина, Беларус, Корея, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Чин, ИМА ва Британия дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар намоишгоҳ ширкатҳои табъу нашр ва тоҷирону фурўшандагони ватанию хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро пешниҳод менамоянд.
Дар доираи намоиш маҳфилҳои шеъру суруд, суҳбатҳо, муаррифии китобҳои тозанашр, озмунҳои «Шоҳномахонӣ», «Ношири беҳтарин», «Китобдор ва китобхони беҳтарин» ва «Муаллифи сермаҳсултарини соли 2017» гузаронида мешаванд.
АМИТ «Ховар»