Шариф Назарзода: «Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд»

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзу дар амон нигоҳ доштани молу мулки шаҳрвандон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ин нуктаро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсии Баталйони хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия (БХДПМ) баён намуд.

Ба гуфтаи ӯ, чун дигар ҷузъу томи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе кормандони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсат низ новобаста аз вазъи боду ҳаво, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт дар хатсайрҳои муайяншуда ба таври шабонарӯзӣ хизмати патрулию дидбонӣ ба роҳ мондаанд.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсат бори дигар таъкид намуд, ки бо дарки масъулият ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр карда шуда, кормандони Баталиёни мазкур шабона хатсайрҳои муайяншударо зери назорати қатъӣ мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки аз сар задани ҳар гуна амалҳои номақбул, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ҷилавгирӣ шавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: