Роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Бо мақсади татбиқ намудани тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай  оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» рӯзҳои 12 — 14 июли соли  2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» афсари калони Хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова иттилоъ дода, зикр намуд, ки дар конфронс роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдор дар бахши пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, инчунин намояндагони вазоратҳои маориф, меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва мушовири Дабири кулли СММ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ширкат меварзанд.
Ба иттилои У.Юсупова, дар рафти конфронси масъалаҳо  оид ба ҳамкории минтақавӣ дар самти паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва қабули қарорҳои муҳим барои вокуниши саривақтӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар доираи «Барномаи қолабии Сендай  оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» мавриди муҳокима ва баррасии иштирокдорон қарор дода мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки «Барномаи қолабии Сендай  оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» моҳи марти соли 2015 дар Япония қабул карда шуд. Пеш аз ин «Барномаи  Хиого  барои солҳои 2005-2015» амал мекард ва барномаи кунунӣ идомаи барномаи Хиого мебошад

Tags: