Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ баррасӣ гардид

21 июн дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо Котиби генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (International Civil Defence Organisation) Владимир Кувшинов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва дигар созмонҳои хориҷии дар Тоҷикистон ҳузурдошта мулоқот доир гардид.

Дар ин бора сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод.

«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, як зумра масъалаҳои барои ҷонибҳо манфиатдорро муҳокима намуданд. Ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ дар самти омода ва бозомӯзии мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт»,-иброз намуд Умеда Юсуфӣ.

Ёдовар мешавем, ки Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ яке аз ташкилотҳои пурнуфузи байналмилалӣ буда, маркази он дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷойгир аст.

АМИТ "Ховар"

Tags: