Дар шоҳроҳи Калужскии Маскави нав нақби сохташудаистода фурӯ меравад, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст
Дар ин хусус расонаи “Лента.ру” бо такя бар манбааш аз мақомоти далхдор иттилоъ додаву мегӯяд, ки фурӯравӣ дар масоҳати 40 метри мураббаъ дар 23-юмин километри нақби навтаъсис рух додааст: “ Айни ҳол танҳо аз фавти як кас хабар дорем”
Гуфта мешавад, ки фурӯравӣ дар натиҷаи бетонрезӣ ба амал омада, дар онҷо як теъдод одамон ҳузур доштаанд. Ба таъкиди манбаъ қисми зиёди коргарон ихтиёран ба берун баромадаанд ва дар натиҷа маълум гаштааст, ки яке аз кормандон гум шудааст.
Паҳнои ҷои фурӯрехта 12 метр ва баландиаш 7 меттро ташкил медодааст.