Арзишҳои бузурги ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз дар Душанбе зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Наврӯз падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баррасӣ мегардад.
Ҳамоиш бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиш донишмандони шинохтаи бахши таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносию фарҳангшиносӣ доир ба арзишҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дигар зарфиятҳои ин ҷашни бостонии мардумони ҷаҳон сухан намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Наврӯз, ки аз баробар шудани шабу рӯз ва омад-омади баҳори сарсабз пайғом мерасонад, таърихи бостонии шашҳазорсола дорад.
АМИТ «Ховар»