Фестивали оммавии футболи кӯдакон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати 120 нафар кӯдакон аз ноҳияву маҳалҳо ва кӯчаҳои шаҳр гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Раиси федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев дар суҳбат гуфт: «Барои ривоҷи футбол байни кӯдакон боз як қадаме гузошта шуд ва дар ояндаи наздик аз миёни онҳо футболбозоне ба воя мерасанд, ки дар дастаҳои гуногуни футболи мамлакат ҳунарнамоӣ карда, барои худ роҳро ба сӯи дастаи мунтахаб ҳамвор мекунанд, номвар мешаванд ва ба устодони ҳақиқии футбол табдил меёбанд».
Фестивал ба ҷашни рангину ёдмон табдил ёфт ва аз он иштирокчиёнаш лаззат бурда, дӯстони зиёде пайдо карданд ва минбаъд рафоқати байниҳамдигариро идома медиҳанд.
Дар анҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокчиён тӯбҳои футбол ва маҷмӯи либосҳои варзишӣ супорида шуданд. Мураббиён аз ҷониби намояндаи ФИФА Александр Чернухо бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи машғулиятҳо сарфароз гардиданд.
АМИТ «Ховар»