Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ гардид.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.
Шӯрои мазкур бо мақсади роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, кӯмак намудан ба муассиса ва корхонаю ташкилотҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолият хоҳад намуд.
АМИТ "Ховар"