Мақсади мулоқоти дирӯзаи Пешвои миллат бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ-ин баррасии воқеии вазъи ҷорист, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд. Инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.
Ин нуктаро имрӯз зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои коронавирус Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баён дошт. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли равон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ироа гардиданд, ҷалб намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории КОВИД-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили фавти шаҳрвандон аз бемориҳои гуногун, таъмини табибон бо маводи муҳофизатӣ, муносибати кормандони марказҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводи тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводи доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баён доштанд, аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АМИТ Ховар