Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 14-15 июли соли 2016 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид, боридани борон ва шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.
Дар робита ба ин, кумита аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо барои бехатарӣ ба риояи чунин қоидаҳо диққат диҳанд:
— дар вақти баромадан аз бино тирезаҳоро пӯшед;
-мошини худро дар гараж қарор диҳед ва дар набудани он мошинро дар зери дарахтон нагузоред;
дар ҳолати рух додани шамол агар дар кӯча бошед, аз таваққуф кардан зери овезаҳо худдорӣ намоед.
АМИТ «Ховар»