Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуд

26 сентябр  дар ҳошияи Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла дар соҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии  мамлакат, инчунин мусоидати Созмони мазкурро  дар ин равандҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон  вобаста ба татбиқи амалии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  мубодилаи афкор  намуданд.

АКС: ВКХ ҶТ

АМИТ «Ховар»

Tags: