Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд, ҷонибҳо оид ба ҳамкории тарафайн вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ сурат гирифт, масоили истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо, баррасии сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатбахш мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АМИТ «Ховар»