Беш аз 80% маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз заминҳои обёришаванда гирифта мешаванд. Ин нукта зимни ҷаласае, ки оид ба омӯзиши нуқтаи назари коршиносон нисбат ба такмили қонунгузории соҳаи об ва замин дар Парлумон доир гардид, зикр шуд.
Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти нақши муҳими обёрии кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати тақвияти корҳо дар ин бахш ва аз худ кардани заминҳои нави кишоварзӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020»-ро махсус таъкид карда буданд.
Инчунин зикр шуд, ки Парлумон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳдошти замин ва обёрӣ» -ро мавриди омӯзиш ва таҳия қарор додааст.
Таъкид гардид, ки бо мақсади мукаммал намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об» гурӯҳи вакилон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисону коршиносони соҳа қонуни мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, дар таҳияи нав омода намудаанд, ки дар он таҷрибаи кишварҳои Арманистон, Амрико ва Қирғизистон истифода хоҳад гашт.
АМИТ "Ховар"