Солимии ҷомеа аз пойдориву устувории оила вобаста аст

Ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани хурофотпарастию бегонапарастӣ, роҳ надодан ба зиёдаравӣ,  барпо намудани оилаи солим ва нест кардани  хушунат дар оила байни сокинони шаҳраки Гипроземи шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91 бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногун вохӯрӣ баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Сино хабар доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки зӯроварӣ дар оила аз нокофӣ будани дониши  оилаҳо ба амал омада, сабаби хушунат ва байн рафтани ҳурмат мегардад, ки оқибати он ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад. Бо мақсади устувор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон ва пешгирии никоҳи хешу таборӣ, ки ба носолим ба дунё омадани фарзандон боис мегардад, соли 2015 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон гардид.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки ҷомеаи суннатии мо бо арзишҳои оиладории худ пойдору устувор буд, аммо имрӯз вайроншавии оилаҳо зиёд мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо  никоҳи хешутаборӣ авҷ мегирад, ки ин хатари калон ҳам ба оила ва ҳам ба ҷомеа мебошад. Моро зарур аст, ки баҳри пешгирии чунин зуҳурроти мушкилбарангез тадбирҳои мушаххас андешида, қабл аз ҳама, устувории оилаҳоро дар ҷомеа таъмин намоем.

АМИТ "Ховар"

Tags: