25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври онлайн ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти Ваҳдат» оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди саноат» солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии корхонаи хиштбарорӣ 3 гектарро дар бар гирифта, аз ин майдони 1,8 гектарро кон ташкил медиҳад.
Корхонаи хиштбарорӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат дар домани кӯҳсор ҷойгир буда, ашёи хом тавассути техникаи зарурӣ истихроҷ мегардад.
Дар корхонаи навтаъсис 30 нафар сокини маҳаллӣ, ки чанде аз онҳо мутахассиси соҳа мебошанд, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Истеҳсоли хишт аз марҳилаҳои кандани хок, омехта кардан, қолаббурӣ ва пухтани он дар ҳарорати баланд иборат мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 ҳазор дона ва дар як моҳ 900 ҳазор дона хишти пухта мебошад. Корхона дар як сол ба миқдори 5 миллион дона хишти пухта истеҳсол менамояд.
Барои бо сифат ва ба талаби замон истеҳсол намудани масолеҳи сохтмонӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст, ки онро мутахассисони тоҷик пурра идора менамоянд.
Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 149 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 27 адад, дар вилояти Суғд 54 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 63 адад, дар вилояти Бадахшон 1 адад ва дар шаҳри Душанбе 4 адад фаъолият менамояд.
Зимни ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Хишти Ваҳдат» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ, таъмини талаботи сокинон бо хишти пухта ва фаъолияти мунтазами корхонаи нав коргарон бояд пайваста талош намоянд.