Баррасии сатҳи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Австрия дар Душанбе

Таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Австрия зимни мулоқоти Саидраҳмон Назризода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герхард Сайллер, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қароргоҳаш дар Остона дар Душанбе баррасӣ гардид.
Мусоҳибон доир ба масъалаҳои тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, рушди соҳаи туризм ва дар ин замина омода намудани мутахассисони баландихтисос табодули назар намуданд.
Дар мулоқот дигар самтҳои ҳамкории иқтисодии барои Тоҷикистону Австрия судманд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон доир ба ташрифи ҳайати соҳибкорони Австрия ба Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: