1 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Маҷмааи навбунёди фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимии шаҳраки Балх бинои хуштарҳу муосири Мактаби байналмилалии Президентиро ба истифода дода, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру роҳнамоии бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Раҳматулло Саъдуллоев ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.
Барои таълиму тарбияи насли ояндасоз дар ин даргоҳи маърифат 75 нафар омӯзгор ба кор ҷалб карда шуд.
Таълимгоҳ нахустин Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон буда, аз се ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, китобхона, кабинетҳои омӯзгорону роҳбарият, ҳуҷраҳо барои баргузории маҳфилҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёнияти таълимии соҳа, аз ҷумла, компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин карда шудаанд. Мактаб ҳамчунин дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.
Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва вохӯриҳо хеле мувофиқ аст.
Ошхонаи мактаб барои 300 нафар дар як вақт пешбинӣ гардида, толору майдончаи варзишии он бо тамоми шароиту меъёрҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.
Бино бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон гармии тамоми синфхонаҳо пурра таъмин карда мешавад.
АМИТ «Ховар»