Дирӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии бисёрҷонибаи вазирони мақомоти корҳои дохилии давлатҳои узви Ташкилоти Байналмилалии Полиси ҷиноятӣ — «Интерпол» бо котиби Кумитаи сиёсии ҳуқуқии Бюрои сиёсии партияи коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Тсзян Чжува ва Вазири бехатарии ҷамъиятии ин кишвар Го Шенкун баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҳамоиш Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок намуд. Дар ҷараёни вохӯрии бисёрҷониба ҳалли масъалаҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои «Интерпол» дар мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки бо назардошти вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди ҷиноятҳои муташаккили замони муосир ба кишварҳои дунё нақш ва аҳамияти ташкилоти байналмилалии «Интерпол» аз ҳар вақта бештар гардидааст.
Зимни мулоқот зикр карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзоро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ҷиноятҳои хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии яроқу аслиҳа, маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти номатлуби нигаронкунандаи ҷомеаи имрӯза муборизаи беамон баранд.
Бояд гуфт, ки «Интерпол» ташкилоти ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, соли 1923 дар шаҳри Вена бо қарори Конгресси байналмилалии полис таъсис ёфтааст.
АМИТ «Ховар»