23 ноябр ҳайати Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв барои гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ ба Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ин муассисаи илмии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми вохӯрии ҳайатҳо иқтидори илмию техникии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад. Ҳамзамон масъалаҳои амалии ташкили нақшаи мушаххаси кори муштарак ва татбиқи марҳилавии он баррасӣ мегарданд.
«Дар соҳаи илми муосир яке аз масъалаҳои мубрам- ин татбиқи самарабахши натиҷаҳои илмӣ дар амалия ва истеҳсолот мебошад. Бо ин мақсад Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳамкориро бо ҳамкасбони хориҷӣ тавсеа медиҳад», — иттилоъ доданд аз Пажӯҳишгоҳ.
Мавриди зикр аст, ки қаблан, 14-20 сентябри соли 2019 роҳбари озмоишгоҳи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физика ва техника А.Тоиров аз Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв (Донишгоҳи Самара) -и Россия дидан намуд. Баъди боздиди моҳи октябри соли равон байни Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои ҶТ ва донишгоҳи номбурда Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Мояи хушнудист, ки чунин ҳамкорӣ доираи васеи мавзӯъҳоро фаро гирифта, аз ҷумла дар соҳаи тарроҳӣ ва технологияи ҳавопаймо, физикаи рентгении кайҳонӣ, физикаи атмосфера ва ғайра муваффақиятҳоро пешбинӣ менамояд.
АМИТ «Ховар»