САММИТИ 5-УМИ МҲТБО: намояндагони ВАО-и хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд

Имрӯз намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки  ба саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд,  аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз   бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода як қатор намояндагони  ВАО-и дохилию  хориҷӣ аз «Кохи Наврӯз» дидан намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзноманигоронро пешвоз гирифта, аз рафти омодагиҳо ба баргузории  саммити панҷуми  МҲТБО, ки дар ин макон баргузор мегардад  маълумот дод.  Зикр гардид, ки ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки  таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мегардад, 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ  инъикос мекунанд.

«Кохи Наврӯз» макони  асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО мебошад, ки дар ошёнаҳои якум ва дуюми қисми чапи он  Маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст»,- иброз намуд А.Раҳмонзода.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар ин Маркази матбуот  барои 450 нафар ҷойи нишаст мавҷуд буда, ҳамзамон он бо   350  компютер  муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамаи компютерҳо бо интернети баландсуръати ноқилӣ ва беноқил — вайфай (WIFI) пайваст гардидаанд.

«Инчунин Маркази матбуот бо таҷҳизоти техникӣ,  аз қабили пайвасткунакҳои ноқили барқ, факс, телефон, нусхабардор, қоғаз, маводи канселярӣ ва ғайра таъмин шудааст. Ҷиҳати дастрасии намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ба маводи ҳамоиш дар Маркази матбуот ду монитори калон барои пахши мустақими рафти чорабинӣ ва овози асли ҷаласа насб шуда, инчунин марказ бо дастгоҳҳои шунидани тарҷумаи синхронӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва хитоӣ таъмин гардидааст»,- афзуд А.Раҳмонзода.

  
Мавсуф намояндагони ВАО-ро бо толорҳои пешвози меҳмонон, баргузории саммит, макони аксбардории сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва ғайра шинос намуд.

 Баъд аз дидани «Кохи Наврӯз» намояндагони ВАО ба Боғи Устод Рӯдакӣ» ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо мероси гаронбаҳои миллати тоҷик аз наздик ошно гардиданд.

Инчунин шоми  имрӯз намояндагони ВАО аз Боғи Куруши Кабир дидан намуда, дар намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик — Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш — Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»

Tags: