Рўзҳои 14-ум то 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус 7-умин Фестивали байналмилалии телевизионӣ – «ТЭФИ Иттиҳод-2017» баргузор шуд. Мавзўи фестивал дар соли ҷорӣ «Филми ҳуҷҷатӣ» ё худ «Документальный экран» эълон гардид ва имсол 19 шабакаи телевизионӣ аз 12 кишвари аъзои ИДМ ва хориҷи наздик беш аз 20 мавод пешиниҳод намуданд. Аз ҷумла, 2 шабакаи телевизионии кишвари мо 3 филм, филмҳои «Роҳи Пешвои миллат» ва «Ба Ватан хизмат мекунам!» аз ҷониби «Телевизиони Тоҷикистон» ва филми «Майдон» аз ҷониби Телевизиони «Сафина» ба Шўрои комиссияи Фестивал пешниҳод карда шуд. Телевизионҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Украина, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Литва, Молдова, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон бо фарогирии мавзўъҳои таърихӣ, туристӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ – низомӣ дар сатҳи баланд ва ҳирфаӣ мавод таҳия намуда буданд.
Пас аз баррасӣ ва омўзиш аз ҷониби аъзои комиссия филмҳои таҳиянамудаи телевизионҳои «Сафина» ва «Телевизиони Тоҷикистон» довталаби лоуреати Фестивали «ТЭФИ-Иттиҳод-2017» эълон гардиданд. Бо анҷоми таҳлилии унсурҳои жанрӣ дар филм, матн, сабку услуби пешниҳод, навор, танзим, Шўрои комиссия, ки ба ҳайати он собиқадорони соҳа ва номдортарин мутахассисони соҳаи телевизиони Федератсияи Россия Сергей Майоров, Леонид Млечин, Кира Прошутинская, Алексей Поборцев, Тофик Шахвердиев шомил буданд, филми «Ба Ватан хизмат мекунам!» (Служу Отечество!) – и «Телевизиони Тоҷикистон» - ро дар қатори 10 маводи пешниҳоднамудаи кишварҳои иштирокчӣ сазовори ҷойзаи Фестивали «ТЭФИ Иттиҳод - 2017» дониста, бо диплом ва ҷоизаи рамзии Фестивал қадрдонӣ намуданд. Дар ин чорабинӣ муовини аввали директори «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамзамон муаллифи филм Умед Назарзода ва сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ» - и «Телевизиони Тоҷикистон» Манучеҳр Ализода иштирок ва филмро ба аъзои комиссия муаррифӣ намуданд. Дар рўзҳои баргузории Фестивал ҳамзамон ҳамарўза дигар филмҳои озмунӣ муаррифӣ шуда, бо ташкили мизҳои мудаввар ҳадафу мақсадҳои асосии интихоби мавзўҳо муҳокима мешуд.
Дар доираи баргузории фестивали мазкур Сергей Майоров - узви Академияи телевизионҳои Федератсияи Россия, барандаи барномаҳои телевизиони НТВ, Леонид Млечин – роҳбари дирексияи барномаҳои таърихӣ-публицистии телевиони ОРТ, Валдис Пелш – шоу-барандаи барномаҳои фарҳангӣ бо ташкили мизҳои мудаввар дар мавзўҳои «Филми ҳуҷчатӣ – Оинаи ҳаёт», «Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар асри нав», «Таърих дар экран – ҳақиқат ва тахайюлот» ва «Чӣ гуна метавон ба тамошобин фараҳ бахшид» мастер – класс доир намуда, мулоқотҳои судманд анҷом медоданд.
Бояд гуфт, ки филми ҳуҷҷатии «Ба Ватан хизмат мекунам!» доир ба таърихи ташаккули Артиши миллии ҶТ, марҳилаҳои ислоҳоти низомӣ, болоравии иқтидори мудофиавӣ ва иқтидори кунунии 3 навъи қўшуни Қувваҳои мусаллаҳ дар зарфи 26-соли соҳибистиқлолӣ қисса мекунад.
Хотирнишон бояд кард, ки фестивали «ТЭФИ-Иттиҳод» аз ҷониби Фонди «Академияи телевизионҳои Россия» дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии гуманитарии ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар яке аз кишварҳои узви ин Иттиҳод ҳамасола баргузор карда мешавад ва мақсад аз он фароҳам овардани фазои ягонаи иттилоотӣ дар қаламравӣ ИДМ ва хориҷи наздик, мусоидат ба омўзиш ва мубодилаи таҷрибаи телевизионҳои кишварҳои иштирокчӣ мебошад.