Кишварҳои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва ҶАҶ) ҷонибдори пойдории сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ буда, омодаанд дар амнияти байналмилалӣ саҳми худро гузоранд. Дар ин бора рӯзи якшанбе Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни ифтитоҳи форуми соҳибкории БРИКС дар Сямен изҳори назар кард.
«Мо, кишварҳои БРИКС, ҷонибдори пойдории сулҳи ҷаҳонӣ ва гузоштани саҳми худ дар тартиботи ҷаҳонӣ дар соҳаи амният мебошем», — гуфт Си Ҷинпин.
Ӯ ёдовар шуд, ки соли равон дар доираи чорабиниҳои БРИКС мулоқоти намояндагони воломақоми панҷ кишвар оид ба масоили амният баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо як зумра самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда, аз ҷумла ҳамкорӣ дар таъмини киберамнияти байналмилалиро муайян намуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин кӯшишҳо ба беҳтар намудани ҳамоҳангӣ ва машварати кишварҳои БРИКС оид ба масоили умдаи байналмилаливу минтақавӣ равона карда шудаанд.
АМИТ "Ховар"