1 июли соли 2019 дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар нусхаи эътимодномаи худро ба муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар суҳбате, ки доир шуд, ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон табодули назар карданд.
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Покистон барои фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.
АМИТ «Ховар»