ТВТ. 08.06.2022. 8-уми июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори боғча оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар кӯдакистони мазкур шинос гардиданд.
Сохтмони муассиса тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, аз ҷониби ҶДММ «Закия Сохтмон» ба роҳ монда шудааст. Фармоишгари Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy» соҳибкор Давлатов Хурсанд маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶСК «Селтехпроект» анҷом дода шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кӯдак дар 9 гурӯҳи синну соли гуногун пешбинӣ шудааст. Кӯдакистон дар масоҳати 0,24 га бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳар як гурӯҳи таълимӣ бо ҷойи хоб, ҳочатхона, се ҷойи дастурӯйшӯӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин утоқҳои кории ёрирасон аз қабили: логопед, методӣ, тиббӣ, муҳосибот, ҳуҷраи либосшӯӣ, утоқи мудир, толори варзишӣ, толори мусиқӣ ва ошхона бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошанд. Дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи оббозӣ ва нӯҳ майдонча барои бозии кӯдакон омода карда шудааст. Дар Муассиса 35 нафар корманди таълимӣ ва техникӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд.
Таълиму тарбия дар кӯдакистон пурра ба забони англисӣ аз руйи барномаҳои таълимии ҷаҳонӣ STEAM (Science, Technology, Engineering, Art and Math), IYCS (International yearly curriculum) ва CAMBRIDGE ба роҳ монда шуда, мутахассисони он дорои маълумоти олии касбӣ ва сертификати байналмиллиалии «Cambridge» мебошанд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино Муассисаи томактабии хусусии «Душанбе Монтессори»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Масоҳати умумии иншоот 1632 метри мураббаъро ташкил дода, аз се ошёна иборат аст ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ҳамчунин тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯи барномаи Мария Монтессорӣ ба кӯдакон таълим дода мешавад.
Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуданд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 55 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.
Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҶДММ «Тиҷорат ва сохтмон» бунёд гардидааст. Фармоишгари Муассисаи таълимӣ Фирдавс Қузиев маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶСК «Селтехпроект» анҷом дода шудаанд.
Иншоот дорои ошхона бо 120 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзиш, толори фарҳангӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, толори машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ, 4 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурӯҳҳо — логопед, мусаввирӣ, мусиқӣ, равоншинос мебошад.
Бино бо камераҳои назоратӣ, системаи сухторхомӯшкунӣ ва ҳавоивазкунаки барқӣ таъмин буда, ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошад. Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ 4 айвонча сохта шуда, гӯшаи махсус барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакони ин кӯдакистон муҳайё гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Худи ҳамин рӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, шаҳраки 14, ноҳияи Синои пойтахт, гӯшаи мавсимии фурӯши маҳсулоти дастраси «Баҳор»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони фурӯшгоҳ дар асоси дастур ва қарори Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, аз ҷониби КВД «Ободонӣ» соли 2021 оғоз гардида буд.
Фармоишгари Маркази фурӯши маҳсулоти тару тоза ва меваҷот МД «Раёсати сохтмони асосӣ» буда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби гурӯҳи лоиҳакашии маркази Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо риояи стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо арзиши 8,85 млн. сомонӣ бунёд гардида, масоҳати умумии он 3700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар гӯшаи мавсимӣ 4 нуқтаи фурӯш, 3 ҳуҷраи хизматрасонӣ бо айвони тарҳи замонавӣ бунёд гардида, бо шароити муосири савдо муҷаҳҳаз мебошад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинон бо маҳсулоти мавсимии тару тозаи мавсимӣ, тақвияти сифати хизматрасонӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҳамчунин ба Раиси шаҳр намунаи гӯшаҳои деҳқони сайёр, ки барои дохили маҳаллаҳои пойтахт ба сокинон расонидани маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва бо нархҳои дастрас омода карда шуда буданд, муаррифӣ гардид. Дастур дода шуд, ки бо омӯзиши талаботи воқеии маҳаллаҳои пойтахт минбаъд истифодаи самараноки чунин гӯшаҳои деҳқонро ба роҳ монанд.
Манбаъ: dushanbe.tj