7 паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Узбекистон иштирок мекунанд

Аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо сурат мегирад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 паҳлавони шинохта  намояндагӣ хоҳанд кард. Ин нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо хоҳад буд, ки дар 7 вазн ғолибон муайян мешаванд, хабар дод ба  шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Ҳайати дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон оид ба самбо дар чемпионати ҷаҳон аз инҳо иборат аст:

  1. Акмалиддин Каримов (58кг)
  2. Хушқадам Хусравов (64кг)
  3. Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг)
  4. Ҳамроз Раҷабов (79кг)
  5. Зафар Олимшоев (88кг)
  6. Фирдавс Насимзода (-98кг)
  7. Хуршед Маҷидов (+100кг)

Ёдовар  мешавем, ки  аз 5 то  8 ноябри соли 2020  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон ва калонсолон  дар Сербистон баргузор шуда буд. Дар  он 4 варзишгари тоҷик иштирок карда, соҳиби медал шуданд.  Дар чемпионати соли гузашта  бо сабаби маҳдудияти сафар дар бисёр кишварҳо 400 варзишгар аз 30 давлат иштирок карданд.

Дар мусобиқаи ҷаҳонии самбои соли гузашта паҳлавони маъруфи ҷумҳурӣ Акмалиддин Каримов дар вазни -57кг медали нуқра ба даст овард. Ӯ нахуст рақибаш Нгуен Рубинро аз Франсия, баъдан Бектош Назарови узбекистонӣ ва Андрей Лашичуки украиниро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Акмалиддин дар финал аз Владимир Гладкихи россиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.

Медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар вазни-90 кг, Хушқадам Хусравов дар вазни-62 кг миёни мардҳо ва Самеъҷон Абдушукуров дар вазни-87 кг миёни ҷавонон сазовор шуданд.

Комроншоҳ дар даври аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ мағлуб гашт. Сипас, ӯ барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Хушқадам Хусравов дар даври аввал аз намояндаи Русия Александр Матаис мағлуб гардид. Ӯ баъдан дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм Небойса Николичи сербӣ ва Фарҳод Абжалиеви қирғизистониро шикаст дода, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: