Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори навбатии худ вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор сохт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро мавриди иҷрои ҳатмӣ қарор диҳанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур моҳҳои апрел-майи соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд даъват карда шаванд.
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо назардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе уҳдадор гардид, ки ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намоянд.
Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки нисбат ба шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ гузошта шуд.