Дар шаҳри Душанбе Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» таъсис дода шуд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис диҳанд. Комиссияҳои ноҳиявӣ бояд то муҳлати муқарраргардида ба Комиссияи шаҳрӣ ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар асоси он раиси Комиссияи шаҳрӣ вазифадор гардидааст, ки то 6 апрели соли 2018 рӯйхати ҳаҷравандагонро тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.
АМИТ "Ховар"