Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шӯрои рушди маориф таъсис дода шуд

Бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  аз 7 декабри соли 2018  дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шӯрои рушди маориф таъсис дода шуд. Ҳамчунин бо ин қарор  Низомнома ва ҳайати Шӯрои мазкур  тасдиқгардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин иқдом   бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 2014 «Дар бораи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба рушди зеҳнии кӯдак, оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори дахлдор, масъулин дар ҳамкорӣ бо сохторҳои  марбута вазифадор гардиданд, ки барои  фаъолияти самарабахши Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  мусоидат намоянд.

Ҳамчунин  бо ин қарор  Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» аз эътибор соқит дониста шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки тайи чанд соли охир барои беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе се барномаи ҳаётан муҳим дар соҳаи маориф, аз ҷумла, Барномаи рушди маорифи шаҳри Душанбе, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо пешбинӣ гардидани маблағгузорӣ дар ҳаҷми 29 млн 447 ҳазору 380 сомонӣ қабул гардиданд.

Ҳамчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  минбаъд  ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин иқдом бо мақсади ҳавасмандиву дастгирии моддии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо  роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур,   ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи  1500 сомонӣ, дуюм бо маблағи 1000 сомонӣ,  сеюм бо маблағи 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намудаанд, ҳар кадоме бо маблағи 2000  сомонӣ ҳавасманд гардонида  мешаванд. Бо ин мақсад  176 500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардидаи шаҳри Душанбе  ҷудо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки  дар шашмоҳаи аввали соли равон 149 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (46 нафар ҷойи якум, 44 нафар ҷойи дуюм ва 59 нафар ҷойи сеюм) гардиданд. Инчунин 20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бо ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм ва 6 нафар ҷойи сеюм) сазовор гардиданд.

Тибқи иттилои  масъулини шаҳри Душанбе, сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 8404 ҷой аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 муассисаи таълимӣ барои 5804 ҷой аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой, инчунин  бунёди  3 муассисаи томактабӣ барои 690 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон идома дорад.

Қобили тазаккур аст, ки  28 августи соли равон, дар арафаи оғози соли нави хониши 2018-2019 ва бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мавриди  истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур  моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, дар зарфи бештар аз 1 сол бо назардошти талаботи муосири меъморӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ ва аёниятҳои фаннӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои насли нав ҳамаҷониба омӯзанд.

Бинои нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Изатулло Давлатов сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки бинои  таълимӣ  аз 3 ошёна ва 24 синфхона барои 600 хонанда дар як баст, аз ҷумла синфхонаҳои махсуси фанҳои химия, физика, биология, география, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таълими касбу ҳунарҳо, инчунин китобхона, ошхона ва толори варзишӣ иборат буда, масоҳати умумии он 9 ҳазору 975 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

28 августи соли равон, дар арафаи оғози соли нави хониши 2018-2019 ва бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшид.


 

Иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 6 000 метри мураббаъ доман паҳн намуда, аз бинои зебову хуштарҳи чорошёна иборат хоҳад буд. Тибқи иттилои масъулин, бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла,  синфхонаҳои махсусгардонидашуда барои фанҳои дақиқ, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои 860 хонанда пешбинӣ шудааст.

Бинои наву замонавии МТМУ №65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 сол сохта,  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Пас аз ба истифода супурдани бинои нави таълимӣ барои 1720 хонанда дар ду баст шароити муосири таълиму таҳсил фароҳам оварда мешавад.

 

Боиси зикр аст, ки тибқи  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 22 мактаби замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешаванд, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.

 

Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли равон  Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо  2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 — уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешаванд.Дар ин рӯз  дар маҷмӯъ аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд.

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»