Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2018 тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз — 2018 вазифадор гардиданд.
Дар ин замина дар пойтахти мамлакат корҳои ободонию хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо вусъат меёбанд.
АМИТ «Ховар»