Рустами Эмомалӣ барои ҳавасмандгардонии бонувони поккори пойтахт 2 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз  бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои пойтахт, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, 2 920 000 (ду миллиону нуҳсаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо  гардид.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Тибқи ин қарор масъулин вазифадор гардидаанд, ки  то 6 марти соли 2018  маблағҳои ҷудогардидаро тибқи рӯйхат дар  фазои тантанавӣ  ба  бонувон   дастрас намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки бахшида ба Рӯзи Модар дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт барномаҳои  фарҳангию фароғатӣ бо иштироки санъаткорони варзида доир мегарданд.

АМИТ "Ховар"