Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.
Ба Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, Давлати Кувайт Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера, Ҷумҳурии Мали Тиефинг Конате ва Ҷумҳурии Кот-д,Ивуар Бернар Тано-Бучуе эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки меҳвари сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад ва мо дар чаҳорчӯбаи ин усул ва бо риояи ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ ба хотири пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳои дӯсту хайрхоҳ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешем.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кулли кишварҳои ҳамҷавор, давлатҳои ҳавзаи Халиҷ, Осиё ва қитъаи Африка андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар даврони муосир кишварҳои мо манфиатҳои зиёди амалан муштарак доранд.
Изҳори умед карда шуд, ки сафирони нави ин давлатҳо ба хотири рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳо бо фаъолияти сермасъули дипломатӣ ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард.