Ваҳдат: вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Паёми Пешвои миллатро ба сокинон шарҳ доданд

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат  бо собиқадорон, вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Мусоева, Гулафзо Савриддинова ва Муродалӣ Маҳмадалиев иштирок намуда, таассуроташонро аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд. Зикр гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба рушди ин соҳа ва афзудани сафи ҳунармандони мардумӣ таъсири назаррас мерасонад.

Инчунин собиқадорони меҳнат, вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳидоят намуданд, ки ба қадри ободӣ, шукуфоӣ, пешрафти ояндаи Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат ба он ишораҳо шудааст, расанд ва Ватанро самимона дӯст доранд. Онҳо пешниҳод намуданд, ки ҷавонони мо дар ободии давлати хеш ва ояндаи пурнишоти он саҳмгузор бошанд, оромиву суботи ҷомеаро ҳифз намуда, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

АМИТ "Ховар"