Россия мехоҳад иртиботи ҳавоиро бо Тоҷикистон пурра барқарор кунад

Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров пас аз мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки 19 май дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони СААД дар Душанбе баргузор шуд, ба мавзӯи барқарор кардани парвозҳои мунтазам дахл кард, менависад хабаргузории россиягии «Спутник».

«Мо мехоҳем ҳарчи зудтар зичӣ ва ҳаҷми иртиботи мунтазами ҳавоиро барқарор кунем, аз ҷумла барои бозгашти ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия таҳсил мекунанд. Онҳо тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд», — иброз дошт Лавров.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрел Россия иртиботи ҳавоиро бо Тоҷикистон, ки баҳори соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, барқарор кард.

Аз Душанбе ба Москва танҳо тавассути роҳи ҳавоӣ рафтан мумкин аст, зеро сарҳадҳои заминӣ ҳанӯз ҳам бастаанд.

То имрӯз ду ширкати ҳавопаймоӣ байни Душанбе ва Москва — «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон (рӯзҳои сешанбе) ва «ЮТэйр» -и Россия (рӯзҳои ҷумъа) парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, айни замон ҳар рӯз ба шаҳрҳои гуногуни Россия, аз ҷумла Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Сочи, Екатеринбург, Новосибирск, Самара, Красноярск, Краснодар ва ғайра аз 8 то 10 парвози чартерӣ сурат мегиранд.

Баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ омодагии худро барои афзоиши шумораи парвозҳо ва арзон кардани арзиши чиптаҳо эълон карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: