«Созандагони Ватан»-и Хатлон: Эълон гардидани Соли ҷавонон масъулияти ҷавононро меафзояд

Имрӯзҳо бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрию суҳбатҳо доир мегарданд.
Чанде пеш ин гуна вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи вилоятӣ» -и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов изҳор дошт, ки дар Паёми имсола Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 боварию эътимоди Пешвои миллатро ба насли ҷавони кишвар нишон медиҳад.
«Эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон масъулияти мо, ҷавононро даҳчанд намуда, моро водор месозад, ки дар пешрафти ҷомеа фаъолона суҳм гузорем, то ба боварии Пешвои миллат ва халқи худ сазовор бошем»,-гуфт Орзу Ҳамидов.

АМИТ «Ховар»

Tags: