Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 26 оилае, ки манзили зисташон бар асари заминларзаи 4 август дар ноҳияи Тоҷикобод рухдода қисман зарар дида буд, тавассути техникаҳои Кумита маводи сохтмонӣ кумак намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Кумаки мазкур, ки аз 78 тонна семент, 10,4 тонна арматура, 1690 адад бомпӯши металлӣ ва 78 метри мукааб чӯбу тахта иборат буд, бо иштироки аъзои комиссияи ноҳиявӣ таҳти сарварии муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёр Ҳақназаров ба ҳамаи оилаҳои осебдида тақсим гардид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои ба осебдидагони ноҳияи Тоҷикобод расонидани ёрӣ гурӯҳи корӣ ташкил намудааст, ки ба он сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, полковник Ҷамшед Камолов сарварӣ менамояд.
Ҳамчунин бо мақсади иҷрои дастури Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод» аз 5 августи соли 2020 ба ҳамаи ин оилаҳо ба маблағи умумии 25 ҳазору 850 сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ аз фонди хароҷоти эҳтиётии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.
АМИТ «Ховар»