Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вазъи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масоили мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Залмай Халилзод ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барору комёбиҳо таманно намуд.
АМИТ «Ховар»