Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, бино имрӯз бо сифати баланд бунёд гардид.

Бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия тариқи ҳашар сохта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, барои бунёди чунин як бинои замонавӣ, ки тариқи ҳашар сохта шудааст, аҳсану офарин хонданд.

Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсии замонавӣ таъмин карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки то имрӯз барои кормандон шароити созгор мавҷуд набуд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис намудани ду сехи дӯзандагӣ дар ду деҳоти ноҳия 20 адад мошинаҳои нави дӯзандагӣ туҳфа карданд.

Ин имконият фароҳам меорад, ки чанд нафар занони хонашини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷои кор таъмин гардида, ҳамзамон ба ҷавондухтарон касби дӯзандагӣ омӯзонида мешавад.

Иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: