Дар Кӯлоб Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Анҷумани иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Имкониятҳо барои рушд «Кӯлоб-2019» бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар оғози анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим доир ба мавзӯи мавриди баррасӣ ибрози андеша намуд.

Дар ҷараёни баргузории анҷуман аз ҷониби роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат рӯнамо дар мавзӯъҳои гуногун вобаста ба фаъолият ва рушди МОИ бо ду-се забон пешкаши ҳозирин карда шуд.

Дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб намоиши молҳои истеҳсоли минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки нимаи дуюми рӯз маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҶДММ «Пиштоз Посгард Тоҷикистон»; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миёни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҶСК «Такстелеком»-и шаҳри Тюмени Федератсияи Россия бояд баргузор гардад.

Инчунин иштирокчиёни Анҷуман аз Минтақаи озоди иқтисодии навтаъсиси «Кӯлоб», фаъолияти корхонаи истеҳсоли ришта ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб», ҶДММ «Комбинати хоҷагӣ» ва Маҷмааи кишоварзӣ-саноатии «Кӯлоб» дар хоҷагии Мир Саид Алӣ Ҳамадонии минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дидан менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 1 марти соли 2019 дар масоҳати 309 гектар дар намуди саноатию инноватсионӣ таъсис дода шудааст.

Чунин анҷуманҳо бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлону Суғд, минтақаи Рашт, шаҳри  Душанбе, ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардидаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: