Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба мутахассисони ҷавон дар таҳияи лоиҳаҳо ва кашфи ғояҳои инноватсионӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон озмун эълон намуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, озмун таҳти унвони «Рушди инноватсионии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия гузаронида шуда, дар се самт амалӣ карда мешавад:
– таҳияи барномаи мобилӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла, барои низоми Гугл (Google);
– рушди тиҷоратикунонии соҳаи ҳунармандӣ;
– таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ.
Дархостҳо барои иштирок дар озмун то 19 феврали соли 2018 тавассути почтаи электронии hackathon.tourism@gmail.com ва телефони +992 88888 0330 қабул карда мешаванд.
Ғолибонро туҳфаҳои арзанда интизоранд.
Лоиҳа бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.