Шаби 19 ноябр Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони (Олий Маҷлиси) Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ Олим Салимзода ва масъули раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол намуданд.
Дар доираи сафари расмияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот менамояд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Раиси Палатаи қонунгузории Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои «Кохи Наврӯз», корхонаи саноатии «Ноқили Талко», Неругоҳи барқи обии «Норак» ва обанбори он, китобхонаи шаҳри Норак, Боғи фарҳангу фароғатии Мир Алишер Навоӣ дидан намояд.
АМИТ "Ховар"