Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро барои 840 нафар хонанда дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 яке аз иншооти таълимии куҳантарин дар ноҳия мебошад, ки солҳои сиюми асри гузашта сохта шудааст.

Бо гузашти солҳо бинои мактаб фарсуда ва таъмирталаб гардида буд. Ҳамчунин бо зиёд гардидани аҳолии маҳал синфхонаҳо нокифоя гардида, ба раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонид.

Имрӯз шодию хурсандии устодону муҳассилин ва волидайни онҳо ҳадду канор надошт, зеро бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб соҳиби бинои наву замонавии таълимӣ гардид.

Корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои нави таълимӣ барои 840 хонанда дар назди мактаб моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, аз бинои асосӣ, толори варзишӣ ва ошхона иборат мебошад.

Бинои асосии мактаб аз 35 синфхона ва 5 ҳуҷраи ёрирасон иборат буда, 11 синфхонаи ибтидоӣ, 19 синфхонаи болоӣ, 2 синфи таълими меҳнат, синфи химия, синфи физика ва синфи компютериро дар бар мегирад.

Иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ сохта шудааст.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои иловагии мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба масъалаи таъмини сифати таълим ва хонандагонро ба омӯзиши илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: