Ҳаким Фузайлов аз сармураббигии дастаи «Истиқлол» озод гардид

27 июни соли равон  сармураббии дастаи  овозадори футболи «Истиқлол»-и Душанбе  Ҳаким Фузайлов аз вазифааш  барканор гардид. Ин амал бо хоҳиши  Ҳ.Фузайлов  сурат гирифта,  ӯ бегоҳии 27-уми июни соли равон,  пеш аз тамрини даста ба чунин хулоса  омадааст.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, роҳбарияти даста хоҳиши Ҳ.Фузайловро ба инобат гирифта,  ӯро аз  вазифаи ишғолнамудааш озод  намуданд ва  ба ӯ барои хизматҳои анҷомдодааш  изҳори сипос намуданд. Номбурдаро дар ин мақом то анҷоми мавсим ёрдамчии ӯ  Алишер Тӯхтаев иваз мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки  сабаби аз вазифа рафтани Ҳ.Фузайлов  ин аст, ки шоми 26-уми июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии марказӣ ва тақдирсози Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D»  байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон  ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Дастаи  футболи   «Алтин Асир»-и Туркманистон дар бозии мазкур бо ба даст овардани 10 имтиёз роҳи хешро ба даври навбатӣ рӯшан кард. Дастаи  «Истиқлол»-и Тоҷикистон  бошад соҳиби   8 имтиёз гардид, вале ба даври навбатӣ роҳ наёфт.

АМИТ «Ховар»

Tags: