Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бориши борон дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки 26 ва 27 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора тағйирёбии  ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯзҳо  боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони шиддатнок пешгӯӣ гардида, ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад.

Имрӯз, 25 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазиши шамол шиддат гирифта,  аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония мевазад.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 25 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва   нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо боридани борон пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  14-19 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то  1 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва  бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ дар як сония 4-9  метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва нимаи дуюми рӯз боридани борон дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 3-8 дараҷа ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва нимаи дуюми рӯз боридани борон пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: