Бо имзои чанде аз созишномаҳои муҳим кишварҳои минтақа тавонистанд фаъолияти барои ҳамаи ҷонибҳо мақбули маҷмӯи соҳаи обтаъминкуниро дар шароити мураккаби гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ таъмин намоянд», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт”.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дар минтақа ҳанӯз майдони фарохи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ва энергетика бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад. Пурра ба кор андохтани ин иқтидорҳо метавонад омили муассири ба хатсайри рушди устувор баровардани кишварҳои шомили минтақа шавад.
«Бо ҷонибдорӣ аз истифодаи одилона ва оқилонаи онҳо мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи муассири расидан ба ин ҳадафи нек медонем. Зимнан, Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бо ҳамаи кишварҳои дуру наздики манфиатдор ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда, густариш диҳад», — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
АМИТ «Ховар»