Раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон сол аз сол суръати тоза пайдо менамояд. Аз 1 сентябри соли 2018 зиёд гардидани музди меҳнат ва нафақаи шаҳрвандони мамлакат аз сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки «бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад».
Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 сентябри соли равон теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 660 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазору 598 нафар ё 2,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагироне, ки пардохти нафақаашон тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 96, 8 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил менамояд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, музди миёнаи меҳнат ба ҳолати 1 августи соли 2017 ба 1160,44 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225,31 сомонӣ ва ё 24,1 фоиз зиёд мебошад.