Президенти Тоҷикистон дар ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок хоҳанд кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  чорабинии  тантанавӣ бахшида ба 75 –солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 24 июн дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Дар бораи иштироки Президенти Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 24 июн дар шаҳри Москва баргузор мегардад,  тавассути шабакаҳои дипломатии Россия расман иттилоъ дода шудааст»,- омадааст дар гузориши  раёсат.

Президентҳои  Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев,  Қирғизистон —  Сооронбай  Жээнбеков,  Молдова – Игор  Додон,  Сербия  — Александр Вучич низ ширкати хешро  дар парад тасдиқ намуданд. Тибқи иттилои рӯзномаи «Коммерсанть», эҳтимол дорад, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ  дар парад иштирок намояд: ӯ бе ин ҳам моҳи июн нияти ба Россия сафар кардан дошт» .

Ба ҷуз роҳбарони давлатҳои зикршуда, як гурӯҳи амрикоии собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ  низ ба Москва меоянд. Дар ин бора президенти  хазинаи ғайриҳукуматии «The Greatest Generations Foundation» Тимоти Дэвис гуфтааст,  менависад ТАСС.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Президенти Россия Владимир Путин ҳанӯз 16 апрел эълон намуд, ки тамоми чорабиниҳои оммавӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз   ҷумла парад дар майдони Сурх, ки 9 май дар нақша буданд, ба таъхир гузошта  шуданд.

Тавре ТАСС хабар медиҳад, 26 май Президенти Россия дар машварат бо вазири мудофиаи кишвараш Сергей  Шойгу эълом дошт, ки Паради Ғалаба 24 июн баргузор хоҳад шуд. Роҳбари давлат иброз дошт, ки ин  санаро барои он  интихоб кардааст, ки  24 июни соли 1945 паради маъруфи  таърихии ғолибон баргузор гашта буд. Ин рӯзест, ки   ҷанговарон дар наздикии Москва ҷангида, Ленинградро ҳифз карданд, ҳамчунин дар остонаи Сталинград ҷоннисорӣ карда, Аврупоро озод намуда, барои забти Берлин  ҳарбу зарб намудаанд. Сарвари давлат ба роҳбари Вазорати мудофиа дастур дод, ки тамоми манбаҳои хатар ба саломатии иштирокчиёни парад  бартараф карда  шаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: