Дар Душанбе масъалаҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода бо Мудири Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи равонгардон ва пешсозҳои он (CARICC) Рустам Мирализода, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, мулоқот кард. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории тарафайн дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: